ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия гуфт, Башор Асад, кишвардори Сурия бидуни пуштибонии Русия "тоб оварда наметавонад". Ба гуфтаи ӯ, Анкара ба сулҳу оромӣ дар минтақа умед дорад, менависад РИА "Новости".
"Амрико дар як бахши муҳими Сурия пойгоҳ дорад. Русия низ пойгоҳ дорад. Аз сӯи дигар созмонҳои террористӣ аз Амрико пуштибонии ҷиддӣ гирифтаанд ва мегиранд. Дар ин бора дар мулоқоти худ бо Байден, бо Трамп, Обама суҳбат кардем. Ман ҳамеша ба ҳамаи онҳо гуфтаам: "Шумо созмонҳои террористиро дастгирӣ мекунед". Мегӯянд: "Рафтем, меравем. Мо дар ин ҷо аз созмонҳои террористӣ пуштибонӣ намекунем". Албатта, онҳо ҳақиқатро намегӯянд", - гуфтааст Эрдуғон.
Президенти Туркия афзуда, ки "Русия ҳам аз он ҷо (аз Сурия - идора.) намеравад. Асад бидуни пуштибонии Русия зинда намемонд. Ҳоло Асад аз Русия дастгирӣ меёбад. Ӯ ҳоло ба шарофати пуштибонии Русия ба по идааст. Албатта, пуштибонии Эрон низ ҳаст. Вазъият чунин аст. Умедворем, ки ҳарчи зудтар дар минтақа сулҳу оромӣ ҳукмфармо хоҳад шуд".
Даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия аз соли 2011 ба ин сӯ идома доранд.
Нерӯҳои ҳавоии Русия аз соли 2015 дар Сурия қарор доранд. Дар ин муддат бо кумаки халабонони рус артиши ҳукумати Сурия кишварро аз ҷангҷӯёни гурӯҳҳои исломгаро тақрибан ба таври комил озод кард.
Дар ҳоли ҳозир ҳалли сиёсии қазия, барқарории Сурия ва ҳамчунин бозгашти оворагон дар мадди аввал аст.