ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Маросими нахустин солгарди даргузашти Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов ба ҳиммати Масъуди Ҷаъфарии Ҷузонӣ, коргардони сериали “Дар чашми бод” рӯзи панҷшанбе дар Муассисаи фарҳангии ЭКО дар пойтахти Эрон баргузор мешавад.
Ёдрас менамоем, ки Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов дар сериали эронии “Дар чашми бод” нақш офаридааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар маросими ёдбуд намоишгоҳи аксу филми мустанаде аз зиндагӣ ва пушти саҳнаҳои он ҳунарманди тоҷик ҳам намоиш дода мешавад.
Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов рӯзи 19-уми январ дар синни 84-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Ӯ ҳафтуми ноябри 1937 дар Кӯлоби Тоҷикистон мутаваллид ва дар соли 1964, пас аз гузаронидани давраҳои коргардонӣ аз Донишкадаи давлатии фарҳангу ҳунари Маскав фориғуттаҳсил шуд.
Ин ҳунарманд дар Театри марказии мусиқӣ ва комедии шаҳри Хуҷанд, Театри намоишии академикии давлатӣ ва Театри ҷавонони шаҳри Душанбе фаъолият кард ва дар солҳои 1987 - 1990 раёсати Иттиҳодияи коргардонони Театри Тоҷикистон ва ҳамзамон муовинати Иттиҳоди коргардонони Театри Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравиро бар уҳда гирифт.
Зиндаёд Абдураззоқ дар соли 2002 аввалин маркази театри ғайридавлатии Тоҷикистон бо номи "Падида"-ро бунёд ниҳод.
Вай илова бар бозӣ дар филмҳои синамоӣ ва телевизионӣ беш аз 30 намоишномаи театрро низ коргардонӣ карда, ҳамчунин ба далели алоқаи хос ба Эрон ва шахсиятҳои машҳури ҳунарию адабии ин сарзамин дар теъдоде аз осори намоишии эронӣ, аз ҷумла сериали “Дар чашми бод” ва “Шукрона” ҳузур пайдо кард.