Тоқаев бародарзодаи Назарбоевро аз вазифа гирифт

Бародарзодаи раисҷумҳури собиқи Қазоқистон 43 сол дошта, писари бародари хурдии ӯ мебошад. Вай аз соли 2015 дар вазифаи ноиби аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ кор мекард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон бародарзодаи президенти пешин Нурсултон Назарбоевро аз вазифа сабукдӯш кард. Дар ин бора сомонаи "Акорда" хабар дод.

"Бо фармони президент Абиш Самат аз вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон озод карда шуд", - омадааст дар хабар.

Самат Абиши 43-сола писари бародари хурдии Нурсултон Назарбоев аст. Ӯ аз соли 2015 дар вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ кор мекард. Самат Абиш рутбаи генерал-лейтинант дорад.
Қаблан Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон барканории Самат Абишро аз мақоми ноиби аввали раиси ин ниҳод рад карда буд ва изҳор дошт, ки номбурда дар рухсатӣ қарор дорад.
Кумитаи амният гуфт, бародарзодаи Назарбоев дар куҷост
“Дар посух ба дархостҳо хабар медиҳем, ки Самат Абиш чун пештара вазифаи ноиби аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро ба уҳда дорад. Ӯ аз 13 январ дар рухсатии меҳнатии ҳарсола қарор дорад”, - омада буд дар иттилоияи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон.
Маврид ба зикр аст, ки 6 январ хабар дода шуд, бо гумони хиёнати давлатӣ роҳбари пешини Кумитаи амният Карим Масимов боздошт гардидааст. Инчунин 13 январ аз боздошти муовинони ӯ - Анаур Содиққулов ва Давлат Ергожин хабар дода шуд.