ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ҳамакнун огоҳ кардани Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи бастан ё қатъ кардани шартнома бо муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути хидмати нав дар портали "Госуслуг" имконпазир гардид.
Дар ин бора Вазорати рушди рақамӣ, коммуникатсия ва ВАО-и Федератсияи Русия хабар додааст.
"Дар хадамоти "Госуслуг" хидмати "Огоҳӣ дар бораи муҳоҷирони корӣ" пайдо шуд", - гуфтанд дар дафтари матбуотии раёсат.
Ҳамин тариқ бо кумаки он ҳоло имкон дорад, ки ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ огоҳиномаҳои электронӣ фиристада шавад.
Аз ҷумла, дар бораи бастан ва қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин дар бораи уҳдадориҳои додани музди меҳнат ба мутахассисони ҳирфаӣ аз хориҷи кишвар.
Вазорат қайд мекунад, ки барои фиристодани огоҳинома ба Вазорати корҳои дохилӣ корфармо бояд варақаи "Госуслуг"-ро пур карда, электронӣ имзо гузорад.
Тибқи иттилои Вазорати рушди рақамӣ, ҳамасола ба Вазорати корҳои дохилии Русия тақрибан се миллион огоҳинома дар шакли коғазӣ ворид мешавад ва дар давраи пандемия бозрасии онҳо мушкилтар шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Русия портали нави иттилоотӣ барои муҳоҷирон фаъол мешавад.