ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок ва дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии кишвар.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 6-11 дараҷа хунук, рӯзона -3+2 дараҷа, дар шарқи вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 23-28 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 10-15 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд бошад, ҳавои қисман абрнок шуда, бориши борон ва барф, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши бошиддат ба амал омада, тормеғ (туман) ҳам мефарояд.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Хатлонро низ ҳавои қисман абрнок мунтазир буда, дар водиҳои вилоят борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барфи тар, дар ноҳияҳои алоҳида бориши бошиддат ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6-11, рӯзона 11-16 дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона 2-7, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Бориши борону барф ва фаромадни меғ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳам пешгӯӣ мешавад.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8, рӯзона 10-15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона -2+3 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳо то 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Душанбе абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони шадид борида, шабона 3-5, рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.