СММ: Қимати ғизо дар ҷаҳон дар як сол 28 дарсад боло рафт

Созмони Милали Муттаҳид элон кардааст, ки дар тӯли як сол қимати ғизо дар ҷаҳон беш аз 28 дарсад боло рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Охири соли 2021 нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон 28,1 дарсад боло рафт, иттилоъ додааст сомонаи Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид.
Ин шохис дар давоми сол ба ҳисоби миёна 125,7 банд ва дар охири моҳи декабр 133,7 бандро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи ноябр 0,9 дарсад камтар, аммо нисбат ба моҳи декабри соли 2020 23,1 дарсад зиёдтар аст.
“Афзоиши нарх дар солҳои охир бесобиқа шуд, арзиши на танҳо ғалла ва рӯған, балки ҳамаи анвои асосии маҳсулоти хоҷагии деҳот афзуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Манбаъ илова кардааст, ки арзиши ғалла аз соли 2012 ба авҷи худ расид, ки 27,2 дарсад афзудааст.
БАОР сабабҳои болоравии нарх дар Тоҷикистонро гуфт
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, арзиши аслии ҷуворимакка 44,1 ва гандум 31,3 фоиз боло рафт. Ягона зироате, ки соли гузашта арзишаш поин буда, шолӣ гуфта мешавад.
СММ хабар додааст, ки зиёдшавии нақлиёт тавассути афзоиши рақобат байни истеҳсолкунандагон ҷуброн шудааст. Нархи рӯғани рустанӣ ва қанд аз ҳама бештар боло рафтааст.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки арзиши нафт дар як сол ба мизони рекордӣ, 65,8 дарсад ва нархи шакар 37,5 дарсад афзуд, ки нишондоди баландтарин аз соли 2016 аст. Нархи маҳсулоти ширӣ 16,9, маҳсулоти гӯштӣ 12,7 дарсад афзудааст.