Оғози омодагӣ ба озмуни гулҳо дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон омодагӣ ба озмуни гулҳо, ки тайи солҳои охир бо дастури раисҷумҳур баргузор мешавад, оғоз гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, дар шаҳру навоҳӣ шинондани гулҳо оғоз гардид.
Ба иттилои Кумита дар ҳудуди шаҳри Турсунзода, беш аз 55 ҳазор пиёзаки гули лола дар мавзеъҳои вобасташуда шинонида шудааст. Таъкид гардид, ки чунин корҳо дар ҷамоату деҳот, корхонву ташкилотҳои шаҳр тибқи нақша сурат гирифта истодаанд.
Манбаъ афзуд, ки дар баробари омодасозии мавзеъҳои махсуси ҳудуди шаҳр ва шоҳроҳи Турсунзода барои кабудизоркунӣ, инчунин омодагиҳо ба кишти босифат низ ҷараён доранд.
Кумита изҳор дошт, ки тибқи талаботи агротехникӣ корҳои ғизодиҳӣ ва нармкунӣ дар шаҳру навоҳӣ идома доранд. Ин ниҳод зикр намуд, ки барои иҷои босифати нақшаи кабудизоркунӣ ва омода намудани қитъаҳои ҷадид чораандешиҳо идома доранд.
Сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон гулистон мешавад
Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир дар сартосари ҷумҳурӣ дар сатҳи гуногун озмуни "Сайри гули лола" баргузор мегардад. Амри раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди озмуни ҷумҳуриявии гулҳо "Сайри гули лола" моҳи декабри соли 2018 имзо шуда буд.
Ҳамоҳангсози асоси баргузории озмун Кумитаи рушди маҳали назди президенти Тоҷикистон буда, он дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи телевизион ва радио, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ гузаронида мешавад. Дар гузашта ҷойҳои аввалро дар озмуни мазкур шаҳри Душанбе соҳиб мегардид, ки садҳо ҳазор гул дар ҷодаҳояш шинонда мешуданд.