ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Дар ҷануби Маскав бар асари як садамаи нақлиётӣ 12 нафар ҷароҳат бардошт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Бозрасии давлатии автомобилии Маскав.
Гуфта мешавад, ки дар ин садама ду кӯдак низ захмӣ шудааст.
Ҳодиса бар асари бархӯрди автобуси мусофирбар ва як автомашина рух додааст.
Садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Варшавское, дар назди хонаи 179 ба вуқуъ омадааст.
Тибқи иттилои пешакӣ, ронандаи таксӣ ба автобус роҳ надодааст, хабар медиҳад Раёсати нақлиётии Маскав дар канали "Telegram"-аш.
"Тибқи маълумоти охир, дар натиҷаи садама 12 нафар ҷароҳат бардошт, онҳо таҳти муоинаи пизишкон қарор доранд", - омадааст дар хабар.
Қаблан табибон дар бораи панҷ захмии ин ҳодиса хабар дода буданд.
Кормандони пулис ва кормандони ёрии таъҷилӣ дар ҷои ҳодиса қарор доранд.
Ҷузъиёти ин садама то ҳол расонаӣ нашудааст.