Прапоршик лейтенантро корд зад: прокуратура муноқишаи низомиён дар қисми ҳарбиро шарҳ дод

Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе алайҳи прапоршике бо ҷурми корд задани лейтенанте ҳукм содир кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе қазия муноқиша ва кордзании миёни прапоршик ва лейтенантро шарҳ додааст.
Ба иттилои манбаъ, муноқиша миёни низомиён Шоҳрух Сангалиев ва лейтенанти калон Ҳофизи Саймурод, низомиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сар задааст.
Гуфта мешавад, Сангалиев Шоҳрухи 23- сола, сардори нуқтаи алоқаи қисми ҳарбии 45045-и КҲФ буда, зимни сафари хидматӣ ба қисми низомии 45095 бо Ҳофизи Саймурод муноқиша кардааст.
"Тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ нишон додааст, ки Сангалиев Ш.Р. зимни иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ 22-июни соли 2021 ба сафари хизматӣ ба қисми ҳарбии 45095 КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда, дар ин давом даст ба содир намудани ҷинояти вазнини қасдона задааст", - афзуд дафтари матбуотии прокуратураи генералии кишвар.
Дуздӣ карданд: додгоҳ ҳукми се хизматчии ҳарбиро эълон кард
Муноқишаи миёни ин афроди низомӣ моҳи августи соли 2021 дар дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ сурат гирифтааст.
Дар рафти муноқиша прапоршик Сангалиев бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корди бо худ доштааш ба тарафи чапи камари лейтенантӣ калон Ҳофизи Саймурод як зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонии барои ҳаёт хавфнок расонидаааст.
Дар робита ба ин суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе Шоҳрух Сангалиевро дар содир намудани ҷиноят мутобиқ бо моддаи 110, қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро ҳукм ба зиндон кардааст.
Ин банди Кодекси ҷиноии кишвар аз панҷ то ҳашт соли маҳрумӣ аз озодиро пешбинӣ мекунад.