ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Овозхони машҳури ӯзбек Лола Юлдошева мубталои коронавирус шуд.
Дар ин бора ситораи поп дар "Instagram" бо нашри як акс хабар додааст.
"Ман корона дорам. Гулӯям дард мекунад. Ҳатто нафаскашӣ душвор аст", - навиштааст Лола.
Вай инчунин аз мухлисонаш хоҳиш кардааст, ки доруеро барои рафъи дарди гулӯ ба ӯ тавсия диҳанд.
Лола Юлдошева гирифтори коронавирус шуд
© Instagram
Ҳамвандонаш дар посух гуфтаанд, Лола зудтар шифо ёбад.
Дар бораи дар куҷо будани сароянда иттилооте дар даст нест.