ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Коронавирус инсонро бо оқибатҳои мухталиф, аз ҷумла диққи нафас, авҷ гирифтани бемориҳои музмин ё тағирёбии вазн дучор мекунад.
Ҳамин тавр пас аз мубтало шудан ба COVID-19 инсон метавонад вазни зиёдеро аз даст диҳад, гуфт ба радиои Sputnik номзади илмҳои тиб, эндокринолог, дотсенти кафедраи эндокринологияи РНИМУ ба номи Н. И. Пирогов Юрий Потешкин.
Ба гуфти табиб, ҳангоми гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ аксари вақт иштиҳо кам шуда, инсон дар қиёс ба ҳолати маъмулӣ камтар хӯрок мехӯрад, ки боиси кам шудани вазни ӯ мегардад.
"Ҳоҷати воҳима кардан нест", - мегӯяд Юрий Потешкин ва тавсия медиҳад, ки ба парҳез аз хӯрокҳои дорои сафеда иқдом кард, то инсон тавонад қувват дошта бошад.
Бо вуҷуди ин аксари вақт коронавирус боиси афзоиши вазн мегардад, мегӯяд пизишк.
Гап сари он аст, ки дар вақти беморӣ одамон кам ҳаракат мекунанд ва инчунин миқдори зиёди равған истеъмол менамоянд.
"Одам аз ғизои болаззат эҳсосоти мусбӣ ба даст меорад ва қувваи худро захира мекунад", - мегӯяд Юрий Потешкин. Ӯ меафзояд, ки чунин вазъ хоси ҳама гуна бемориҳост.
Дар натича вазни одам 10—15 фоиз зиёд мешавад. Барои барқарор кардани шакли қаблӣ, шумо бояд тадриҷан ҳаҷми фаъолияти ҷисмониро аллакай дар давраи барқароршавӣ аз COVID-19 зиёд кунед ва инчунин истеъмоли ғизоро назорат кунед.
Табиб мегӯяд, барқароршавии пурраи бадан пас аз коронавирус шаш моҳ фурсатро дар бар мегирад.