Ҳикматёр: Худованд аз ҳукумате, ки бо ҷабҳа созиш мекунад, рӯй мегардонад

Ин нахустин бархӯрди раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Гулбиддин Ҳикматёр мегӯяд, Худованд аз ҳукумате, ки бо ҷабҳа созиш мекунад, рӯй мегардонад.
Ин суханонашро Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон бо ин асоснок кард, ки хоинону ҷинояткорон худро муқовимат меноманд, менависад Sputnik Афғонистон дар шабакаи "Telegramm"-и худ.

"Онҳо танҳо кӯшиш мекунанд, ки қисмате аз қудратро ба даст оранд, қисмати бузург ва барои дигарон ғайриқобили қабул", - гуфтааст Ҳикматёр.

Ин изҳоротро бояд дар пасманзари музокироти толибон ва ҷабҳа дар Теҳрон арзёбӣ кард, ки Ҳикматёр аз он розӣ нест.
Ёдрас менамоем, ки ахиран раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмади Масъуд бо сарпарасти Вазорати умури хориҷии толибон Амирхон Муттақӣ дар Теҳрон гуфтушунид кард.
Толибон ба Масъуд пешниҳод кардаанд, ки ба Афғонистон баргардад ва амнияти ӯро таъмин хоҳад кард. Дар навбати худ Масъуд гуфтааст, ки ба даъвату кафолати толибон ниёз надорад.
Гуфта мешавад, ин мулоқоти ҷонибҳо бе ягон дастоварди назаррас анҷом ёфтааст.
Суҳбати президенти собиқи Фаронса бо Масъуд: Олланд гуфт, ӯро ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад
Бояд гуфт, Гулбиддин Ҳикматёр аз чеҳраҳои зидди тоҷикон дар Афғонистон аст. Ӯ қаблан низ бо пуштибонӣ аз Покистон зидди Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал ва ҳукумати устод Бурҳониддин Раббонӣ ҷангида буд.
Ӯ баъди суқути қаблии Кобул ба Тоҷикистон фирор кард ва баъдан аз Душанбе ба Теҳрон рафт.
Ахиран сарвазири Покистон Имрон Хон низ иқрор шуд, ки Ҳикматёр дар муборизаҳо бар зидди Масъуд аз Покистон дастгирӣ меёфт.
Ҳикматёр гуфтааст, кушодани дафтари муқовимат дар Тоҷикистонро ҷиддӣ бояд гирифт
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пас аз суқути ҳукумати қаблии Афғонистон дар таърихи 15-уми август дар вилояти Панҷшер таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд, фарзанди Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд эълони мавҷудият кард.
То кунун ин ягона нерӯе аст, ки дар дохили Афғонистон бар зидди толибон мубориза мебарад.