Сӯхтор, тазоҳурот ва ихтиозавр: 14 акси ҷолиби ҳафта

Sputnik Тоҷикистон дурахшонтарин аксҳои ҳафтаи равонро бароятон гирд овардааст
Sputnik
1 / 14

Ҳавопаймои Ил-76М-и Вазорати дифои Русия ба фурудгоҳи Чкаловский расид. Ҳавопаймо шаҳрвандони Русия ва ҳамчунин дипломатҳои сафоратҳои Австрия ва Маҷористонро аз Қазоқистон берун бурд.

Дар Қазоқистон эътирозҳо алайҳи болоравии қимати гази моеъ баргузор шуд, ки ба ошӯб ва задухӯрд бо маъмурони интизомӣ печиду харобиҳои зиёде дар пай дошт.

2 / 14

Марде дар ҷашни Эпифани дар деҳаи Пиетросани Руминия маҳорати саворӣ нишон медиҳад.

3 / 14

Замини Эфиопия пас аз оташфишонии вулқони Вулф дар ҷазираи Изабела.

4 / 14

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Грушко (аз рост) ва дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг қабл аз нишасти Шӯрои Русия ва НАТО дар Брюссел.

5 / 14

Як чархболи тиббӣ дар паҳлӯи Калисои Дрексел Ҳилл пас аз суқут. 11 январи соли 2022 Филаделфия.

6 / 14

Ҳаводорони теннисбози серб Новак Ҷокович дар кӯчае, ки гуфта мешавад, дар он макони дафтари адвокати ӯ буд, дар рӯзи идомаи мурофиаи додгоҳӣ дар бораи лағви раводиди ӯ барои бозӣ дар мусобиқаи кушоди Мелнбурни Австралия 10 январ гирдиҳамоӣ карданд.

7 / 14

Марде дар паҳлӯи боқимондаҳои бузургтарин ихтиозаври Бритониё, дар Рутленд Вотер, музофоти Рутленд, Бритониё хобидааст.

8 / 14

Сӯхтор дар манзилҳои истиқоматӣ дар Чилӣ, ки 10 январи соли 2022 рух дод.

Ба гуфти мақомот, сӯхтор наздики 100 хонаи ин маҳалларо, ки аксаран муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд, ба коми худ кашид.

9 / 14

Боздошти як зани бедуин аз ҷониби нерӯҳои амниятии Исроил.

10 / 14

Зане бо кӯзаи об аз саҳрои барфпӯш дар канори Сринагар мегузарад.

11 / 14

Тақрибан 2000 эътирозгар, ки ниқоб намепӯшанд ё масофаи иҷтимоиро риоя намекунанд, ҳангоми тазоҳурот талош мекунанд, вориди бинои парлумони Булғористон шаванд.

12 / 14

Толибон дар теппаи Вазир Акбархон дар Кобул, 10 январи соли 2022.

13 / 14

Гурбае дар тан болопӯши зимистона дар кӯчаи Ҳонг Лонг аз китфи соҳиби худ нигоҳ мекунад.

14 / 14

Як ҷуфти ҳамсарон аз ғуруби офтоб дар Барселона, Испания баҳра мебаранд.