Домодҳои Нурсултон Назарбоев аз мақомҳояшон истеъфо доданд

Сухан дар бораи Ҳайрат Шарифбоеви 58-сола ва Димаш Досанови 40-сола меравад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҳайрат Шарифбоев аз мақоми раиси ширкати миллии "QazaqGaz" барканор шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии холдинги "Самрук-Казына", менависад Sputnik Қазоқистон.
Гуфта мешавад, Шарифбоев бо навиштани як ариза аз мақомаш канор рафтааст.
Шарифбоев шавҳари духтари бузургии раисҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Дариға Назарбоева аст.
Вай вакили маҷлис (палатаи поёнии парлумон) аст, аммо дар ҷаласаи охирини рӯзи 11-уми январ ширкат накардааст.
Ҳайрат Шарифбоеви 58-сола аз моҳи ноябри соли 2020 раҳбарии ""QazaqGaz" (КазТрансГаз) ба зимма дошт.
Кумитаи амният гуфт, бародарзодаи Назарбоев дар куҷост
Пештар ӯ муовини раиси раёсати ҳамлу нақли газ ва маркетинги ширкати миллии "ҚазМунайГаз" буд.
Шавҳари духтари хурдии Нурсултон Назарбоев Алия низ мақомашро тарк кардааст.

"Мувофиқи қарори Шӯрои мудирони ширкати "KaztransOil", аз 14 январ ваколатҳои Димаш Досанов ба ҳайси мудири кул, тибқи аризаи пешниҳодшуда, пеш аз муҳлат қатъ шуданд", - омадааст дар хабар.

Димаш Досанови 40-сола аз соли 2016 раҳбарии ширкати "КазТрансОйл"-ро бар уҳда дошта ва қаблан мудири кулли ширкати лӯлаи гази Қазоқистон - Чин будааст.
Ӯ ҳамроҳ бо Алия Назарбоева як писару як духтарро ба воя мерасонанд ва ду фарзанди дигар аз издивоҷҳои қаблияш низ дорад.