Рақси Борис Ҷонсон мардуми Бритониёро хашмгин кард - видео

Видеои рақси Борис Ҷонсон дар пасманзари локдаун дар Бритониё бритониёҳоро ба хашм овард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Видеои рақси сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон бо вакили маҷлиси Лондон Жанетт Арнолд дар интернет паҳн шуд ва қаҳру ғазаби бритониёиҳоро барангехт.
Тибқи иттилои расонаҳо, видеое, ки дар он Ҷонсон дар зери мусиқии диско рақс мекунад, ҳанӯз соли 2013 наворбардорӣ шуда буд. Бо вуҷуди ин сабт чанде пеш, дар пасманзари ҷанҷоли шабнишинии мақмоти баландпояи ин кишвар, ки замони локдаун дар Даунинг Стрит баргузор шуд, паҳн шуд.
Сипас хадамоти матбуотии сарвазир ин ҳодисаро "рухдоди корӣ" арзёбӣ кард.
Шореҳон расмҳои аҳзоби мухталифро "маҷлис", "маҷлиси корӣ" ё "лаҳзаҳои корӣ" номидаанд.
Илова бар ин онҳо таваҷҷуҳро ба шамшере ҷалб карданд, ки Жанетт Арнолд ҳангоми рақс дар даст дорад.
Хабарнигорон иддао доранд, ки шамшер аз филми "Звездные войны" буда, онро ҳунарманд Кристофер Ли ба сарвазир ҳадя кардааст.
Тереза ​​Мэй, савазири пешини Бритониё низ бо рақси худ таҳти суруди гурӯҳи ABBA-и шведии "Dancing Queen" мавриди таваҷҷуҳи корбарони шабака қарор гирифтааст.