NASA аз наздик шудани астероиди яккилометрӣ ба Замин хабар дод

Аз сабаби андозаи бузурги он NASA ин ҷисми осмониро ҳамчун объекти эҳтимолан хатарнок арзёбӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Мувофиқи маълумоти NASA, астероиди 7482 (1994 PC1) ба Замин наздик мешавад.
Дар нуқтаи наздиктарин он дар масофаи камтар аз 2 миллион километр воқеъ хоҳад шуд, ки тақрибан панҷ баробари масофаи сайёраи мо то Моҳро дар бар мегирад.
Наздикшавии байни Замин ва ҷисми осмонӣ 18 январ ба амал меояд.
Ба гуфтаи олимон, диаметри астероид беш аз як километр аст.
Оҷонсии кайҳонии ИМА аз рӯи андозаи он ҷисми осмониро ҳамчун объекти синфи "Аполлон", яъне эҳтимолан хатарнок тасниф кардааст.
Ин ҷисми осмониро дар соли 1994 астроном Роберт Макнаут кашф карда будааст.
Олимон бархӯрди замин бо астероидро пешгӯӣ карданд
Ба гуфтаи NASA, ин бузургтарин астероид дар байни онҳоест, ки дар соли 2022 ба Замин наздик мешаванд.
Моҳи декабри соли 2021 астероиди 4660 Нереус дар масофаи тақрибан чаҳор миллион километр ба Замин наздик шуд.
Тӯли ин ҷисми осмонӣ 330 метр буд. Қобили зикр аст, ки бурҷи Эйфели Фаронса ҳам ба ҳамин андоза тӯл дорад.
Астероид як ҷисми нисбатан хурди осмонӣ дар системаи офтобӣ мебошад, ки дар атрофи офтоб давр мезанад.
Астероидҳо аз рӯи ҳаҷм аз сайёраҳо хӯрданд, шакли номунтазам доранд, аммо атмосфера надоранд. Астероидҳоро қаблан сайёраҳои хурд меномиданд.