Лавров: Русия ҳар гуна таҳдиди хориҷиро рафъ хоҳад кард

Маскав омодааст, ба ҳар таҷовуз, ки мақсад аз он халалдор кардани амнияти кишвар аст, посух диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Мақомоти Русия тавзеҳ доданд, ки истифода аз тадобири низомиву фаннӣ чӣ маънӣ дорад.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни нишасти матбуотии бахшида ба натиҷаҳои дипломатии соли 2021 изҳори назар кард.
"Тадбирҳои ҳарбӣ-техникӣ чораҳои истиқрори техникаи низомӣ мебошанд, ин маълум аст. Ва вақте ки мо дар бораи ин ё он кор тасмим мегирем, мо ҳамеша дарк мекунем, ки чиро дар назар дорем ва ба чӣ омодагӣ мебинем", - гуфт вазири умури хориҷии Русия.
Лавров ёдовар шуд, ки қаблан дар ғарби Русия машқҳои низомӣ баргузор шуда буданд.

"Вақте дар назди сарҳадҳои мо техника, нерӯи низомии дигар кишвар ҷамъ мешавад, албатта, мо бояд бифаҳмем, ки ин техникаи низомӣ чӣ кор мекунад", - қайд кард вазири корҳои хориҷии Русия.

Ба гуфти вай, Маскав ҷамъ шудани шумори афзояндаи нерӯҳо ва таҷҳизоти НАТО дар Лаҳистон ва кишварҳои Соҳили Балтикаро мебинад, ки махсус барои амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Русия пешбинӣ шудаанд.
Дипломат даъват кард, ки "маънои пинҳонӣ" наҷӯянд ва афзуд, Кремл танҳо ба таҳдидҳое вокуниш нишон медиҳад, ки амният ва якпорчагии Русияро зери суол мебаранд.
Лавров гуфт, талошҳои хориҷӣ барои ноором кардани Осиёи Марказӣ зиёданд
Ёдовар мешавем, аз 10 то 13 январ нахустин ҷаласаи Шӯрои Русия - НАТО дар беш аз ду сол баргузор шуд. Гуфтушунид ба ҷои се соати пешбинишуда қариб чаҳор соат давом кард.
Дар мулоқот масъалаи пеш набурдани зерсохтори низомии паймон ба Шарқ баррасӣ шуд, ки НАТО тавофуқ бар сари ин масъаларо ваъда дода буд, вале ба он амал накард ва ба марзҳои Русия наздик омад.
Лавров: Ғарб косаи сабри Русияро лабрез кард
Қаблан Александр Грушко, муовини вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, ки дар сурати таҳдиди воқеӣ ба амнияти ин кишвар Маскав "маҷмуи тадобири низомиву фаннӣ"-ро роҳандозӣ хоҳад кард.