Кумитаи амният гуфт, бародарзодаи Назарбоев дар куҷост

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон барканории Самат Абишро аз мақоми ноиби аввали раиси ин ниҳодро рад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Мақомоти амнияти миллии Қазоқистон мегӯянд, Самат Абиш феълан дар рухсатии солона мебошад.
Таъкид шудааст, ки Абиш фаъолияташро дар вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Қазоқистон идома медиҳад. Самат Абиш бародарзодаи Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури аввалини Қазоқистон мебошад, ки дар ин кишвар мақоми пешвоӣ – элбасӣ дорад.

“Дар посух ба дархостҳо хабар медиҳем, ки Самат Абиш чун пештара вазифаи ноиби аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро ба уҳда дорад. Ӯ аз 13 январ дар рухсатии меҳнатии ҳарсола қарор дорад”, - омадааст дар иттилоия.

Маврид ба зикр аст, ки 6 январ хабар дода шуд, бо гумони хиёнати давлатӣ роҳбари пешини Кумитаи амният Карим Масимов боздошт гардид. Инчунин 13 январ аз боздошти муовинони ӯ - Анаур Содиққулов ва Давлат Ергожин хабар дода шуд.
Вокуниши Мирзиёев ба Лукашенко, ки гуфт, Ӯзбекистон аз ҳаводиси Қазоқистон сабақ гирад
Самит Абиши 43-сола, ноиби дигари раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон, писари бародари хурдии Нурсултон Назарбоев – Сатибади Назарбоев мебошад. Абиш, ки рутбаи генерал-лейтенант дорад, аз соли 2015 то ҳол дар мақоми муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон фаъолият мекунад.