ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар ҷаласа қайд кардааст, ки бояд фаъолияти асосӣ ба баланд бардоштани фарҳанги тиббии мардум нисбат ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сил равона карда шавад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ҷаласа масъалаҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятии мавсимӣ, камхунӣ дар байни занони ҳомила, фарбеҳӣ дар байни наврасону ҷавонон ва пиронсолон, дар шаҳри Душанбе пурзӯр намудани тадбирҳои саривақтӣ, махсусан эмгузаронии оммавии сокинони пойтахт, амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, назорати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва дигар хидматрасонии тиббӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Ҳадаф аз баргузории чунин ҷаласаҳо дар сатҳи баланд таъмин намудани хидматрасонии тиббӣ ба аҳолии пойтахт, рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар дигар муассисаҳои табобатию пешгирикунандаи зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе мебошад”, - зикр гашт тайи ин ҷаласа.
Гуфта мешавад, дар ҷиҳати таъмини хидматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дода шудааст.