Солеҳ: Парчами кафанмонанди толибон ҳаргиз миллӣ намешавад

Муовини аввали раисҷумҳури фирории Афғонистон бори дигар алайҳи толибон сухан гуфт ва изҳор кард, ки байрақи толибон дар Покистон тарроҳӣ шудаву ҳаргиз байрақи миллӣ намешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини нахусти раисҷумҳури фирории Афғонистон дар саҳифаи твиттериаш навиштаст, ки парчами кафанмонанди толибон ҳич вақт ба байрақи миллии кишвар мубаддал нахоҳад шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Оқои Солеҳ навиштааст: “Байрақи кафандмонанди толибон, ки дар Укураи Хатаки Дюранд шудааст, абадан ба байрақи миллии Афғонистон табдил нахоҳад гардид”.
Толибон 15 августи соли гузашта ва дар пайи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон Кобулро тассаруф карданд.
Пас аз ба қудрат расидан парчами сафеди худро баҷои байрақи серангии Афғонистон бар фарози Арг барафроштанд.
Гуфтанист, толибон парчами худро дуруст дар солгард ҳамалоти 11 сентябр дар Кохи раёсатҷумҳури Афғонистон ба эҳтизоз дароварданд.