Рублу евро гарон шуд: эълони қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби рубл давоми як рӯз беш аз як сомонӣ қимат шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар боло рафта, ҳоло 1000 рубл 151,8 сомонӣ қимат дорад.
Асъори русӣ дар охир соли гузашта, ки поин рафта буд, тайи ҳафтаи ҷадид тақвият меёбад.
Арзиши асъори аврупоӣ низ сар аз аввали соли ҷорӣ боло рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.8910 сомонӣ қимат дорад. Рӯзе қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.8052 сомонӣ медоданд.
Доллар аз аввали соли 2022 дар сатҳи 11,30 сомонӣ барои як доллар қарор гирифтааст.
Пешбинии иқтисоддон дар бораи ояндаи доллар: бояд харид ё на?
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 12.8910 то 13.1000 сомонӣ;
1 евро аз 12.8052 то 13.0300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1518 то 0.1535 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.