ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Нерӯҳои низомии Тоҷикистон, ки дар ҳайати нерӯҳои посдори сулҳи кишварҳои СПАД дар Қазоқистонанд, ба Ватан бармегарданд.
Таърихи дақиқи хуруҷи нерӯҳои сулҳбон дар ҷараёни як гуфтугӯи телефонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон маълум шуд.
Зимнан зикр гардид, низомиёни тоҷик, ки дар ҳайати маҳдуди нерӯҳои посдори сулҳ дар Қазоқистон қарор доранд, рӯзи 14-уми январи соли равон ба Душанбе бармегарданд.
Илова бар ин дар ҷараёни суҳбат Тоқаев ба Раҳмон барои дастгирӣ ва кумакаш ба Қазоқистон изҳори сипос карда, дар бораи чораҳои андешидашуда дар ҷиҳати хуруҷи нерӯҳои посдори сулҳи СПАД аз ин ҷумҳурӣ сухан гуфт.
Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кардааст, ки раҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои густариши шарикии стратегиро баррасӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки наздик ба 100 нафар аз низомиёни посдори сулҳ аз Тоҷикистон як иншооти муҳими стратегӣ, Маркази барқу гармидиҳии Алмаато -1 дар ин шаҳр ва анборҳои нафтро посбонӣ мекунанд.
Ба гуфтаи генерал-майор Миравар Хушбахт Миршакар, муовини аввали фармондеҳи Ситоди кулли артиши Тоҷикистон, нерӯҳои посдори сулҳи тоҷикон дар нимаи солҳои 90-ум дар ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ташкил шудааст.
Ба гуфтаи Миршакар, имрӯз ин воҳид таҷрибаи ширкат дар машқҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дорад.