ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Мақомоти Маскав ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои муваққатии навро бинобар паҳн шудани штамми нави омикрон истисно намекунанд.
Дар ин бора "Россия 24" бо истинод ба муовини бахши сиёсати иқтисодӣ, моликият ва замини раиси шаҳр Владимир Ефимов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, шаҳр барои кор дар чунин шароит омодааст.
"Агар чунин зарурат ба миён ояд, мо ҳатман маҳдудият ҷорӣ мекунем. Пеш аз ҳама сарбории муассисаҳои тандурустиро назорат мекунем", - афзуд Ефимов.
Ба таъкиди ӯ, ҳоло аз маҳдудиятҳо гуфтан барвақт аст.
Қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин низ аз эҳтимоли авҷи дигарбораи COVID-19 дар ин кишвар ҳушдор дода буд.
"Пайдост, ки мо имрӯз дар ҳолати хеле мураккаб қарор дорем. Дар арафаи хуруҷҳои нави эҳтимолӣ мебошем", - изҳор дошта буд Путин дар ҷаласае бо ҳузури аъзои ҳукумат.
Ҳушдори раисҷумҳури Русия дар ҳолест, ки ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, давоми як ҳафта, аз 3 то 9 январ дар дунё гирифтории рекордӣ ба коронавирус сабт шудааст. Таъкид мешавад, ки дар ин ҳафта 15 миллиону 154 ҳазор ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.