Интиқоди Рустами Эмомалӣ аз кори ширкатҳои мобилӣ: ӯ барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат дод

Шаҳрдори Душанбе аз сатҳи пасти хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон интиқод кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе зимни ҷаласаи ҳисоботӣ аз фаъолияти панҷсолааш дар баробари дигар мушкилоти пойтахт ба сифати хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ низ дахл кардааст.
Ӯ зимни баррасии фаъолияти ширкатҳои мобилӣ гуфтааст, хидматрасонӣ дар ин бахш ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдорӣ.

"Хидматрасонии ин ширкатҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва рӯнамоиашон аз сатҳу сифати фаъолияташон бештар мебошад", - гуфтааст Рустами Эмомалӣ.

Шаҳрдори Душанбе барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар кӯтоҳтарин муддат ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ додааст.
Интиқоди Рустами Эмомалӣ дар ҳолест, ки ҳамарӯза сокинони кишвар аз сатҳу сифати хизматрасониҳо, махсусан суръати заифу нархи гарони интернет дар кишвар шикоят мекунанд.
Дар раддабандии нави сураъати интернети мобилӣ Тоҷикистон ҷои 129-умро дар байни 140 кишвари дунё касб кард.
Бар пояи радабандии "Speedtest Global Index", суръати интернет дар Тоҷикистон соли 2021 нисбат ба соли 2020 боз ҳам заифтар шудааст.
Дар ин радабандӣ Тоҷикистон миёни 138 кишвари ҷаҳон бо суръати 7,57 мегабит дар сония (Mbps) ҷойи 134-умро гирифтааст, ки панҷ зина нисбат ба нишондиҳандаи қаблияш поин мебошад.
Президент: пул надорем мегӯеду ба арзиши 3 миллиард сомонӣ гап задаед
Ёдовар мешавем, ахиран президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солонааш гуфт, сокинони кишвар давоми 10 сол ба маблағи 30 миллиард сомонӣ гап задаанд ва инро ташвишовар хонд.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, агар шумораи муштариёни алоқаи телефонӣ соли 1991 ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас, дар соли 2021 шумораи танҳо муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ ба беш аз 8 миллион нафар расидааст.
Ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳанд, гуфт президент.