ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Ҳавосанҷон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок ва дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят бориши барфро пешгӯӣ мекунанд.
Ба иттилои Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мебошад. Дар шарқи вилоят шабона 21-26 дараҷа хунук, рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд бошад, ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар Хатлон бошад, боришонт пешгӯӣ намешавад, аммо дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа хунук, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Ба пешбинии ҳавосанҷон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо баъзан бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Дар Душанбе ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.