Сафеддара ягона машқгоҳи варзишии зимистонаи кишвар мебошад, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳону варзишгарони дохиливу хориҷӣ ба он ҷо ташриф мераванд.
Бояд гуфт, иқлими мусоиду мавқеи ҷуғрофии маҷмаи мазкур имкон медиҳад, ки он ҷо варзиши лижаронӣ то охири моҳи май идома ёбад.
Майдони бозиҳои рӯйи ях дар таърихи навини варзиши Тоҷикистон таҷрибаи нахустин буда, имконият фароҳам меоварад, ки дар оянда ин намуди бозиҳои зимистона дар кишвар ба варзиши оммавӣ табдил дода шавад.
Дар маҷмуъ иншооти он барои хидматрасонӣ ва толору майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 гектар ҷойгир буда, шароити қабули то 1000 нафарро дар як вақт доро мебошанд.
Дар Сафеддара"дар масофаи 2027 метр роҳи арғамчинии босуръати кабинавӣ сохта шудааст, ки 32 дастгоҳи ҳаракаткунанда (кабина) дорад ва дар ҳар кадоме аз онҳо то 8 нафар метавонад ҷойгир шавад.