Толибон: Дар Афғонистон ҳич ҷабҳае нест, Масъуд хоҳад, ба Ватан баргардад - видео

Муовини сухангӯи толибон дар хусуси нишасти мақомоти ин гурӯҳ бо роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфт, ба Аҳмад Масъуд ва Исмоилхон итминон дода шуд, ки метавонанд ба кишварашон баргарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Билол Каримӣ, муовини сухангӯи толибон дар мусоҳиба бо Sputnik Афғонистон таъйид кард, ки ҳайъате ба раҳбарии Амирхон Муттақӣ бо даъвати расмии Эрон ба Теҳрон сафар карда, бо Аҳмад Масъуд ва Амир Исмоилхон гуфтугӯҳои мусбат доштааст.
Вай қайд кард, ки ҳайати намояндагони ин гурӯҳ ба роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Амир Исмоилхон итминон додааст, ки онҳо метавонанд ба кишвари худ баргарданд.
Каримӣ афзуд, имороти исломӣ дар талош аст, Афғонистонро барои тамоми афғонистониҳо бисозад, то ҳеҷ кас эҳсоси нооромӣ дар он накунад.
Ба гуфтаи сухангӯи толибон, ҳадафи аслии сафари ҳайати ин гурӯҳ ба Эрон мулоқот бо раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон набудааст.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти толибон дар баробари дидорҳои худ бо дигар паноҳандагон низ мулоқот кардаанд.
Каримӣ дар мавриди Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфт: "Дар Афғонистон ҳеҷ ҷабҳае нест. Агар касе дар саҳифаҳои интернетӣ иддао кунад, ки норозӣ аст, мо онҳоро итминон медиҳем, иморати исломӣ ба рӯи ҳамаи онҳо боз аст ва онҳо метавонанд ба кишвари худ баргарданд".