Тахлияи беш аз ду ҳазор нафар аз Қазоқистон ба Русия

Ҳавопаймои ҳомили 146 шаҳрванди Русия аз Алмаато ба самти Маскав парвоз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Вазорати дифои Русия мегӯяд, ҳавопаймоҳои нақлиётӣ - низомӣ тахлияи шаҳрвандон аз Қазоқистонро анҷом доданд.
"Ил-76-и Вазорати мудофиаи Русия аз Алмаато ба фурудгоҳи "Чкаловск"-и назди Маскав 146 шаҳрвандро интиқол медиҳад. Инҳо шаҳрвандони Русия мебошанд, ки бо роҳхатҳои сайёҳӣ, сафари корӣ ва ё аёдати наздикон дар Қазоқистон қарор доштанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки ба далели ташаннуҷи вазъ ва қатъи кори фурудгоҳи Алмаато, пойтахти пешини Қазоқистон шаҳрвандони Русия натавонистанд аз ин шаҳр берун шаванд.
Фурудгоҳи Алмаато аз 13 январ шуруъ ба кор мекунад
Ин гуруҳи шаҳрвандон, ки дар меҳмонхонаҳо ва назди хешовандонашон қарор доштанд, ба фармондеҳии нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар Қазоқистон муроҷиат намуданд, то дар интиқолашон ба Ватан кумак кунанд.
Зикр гардидааст, ки ахиран ҳавопаймоҳои нерӯҳои ҳавоӣ 2 ҳазору 95 шаҳрвандро аз Қазоқистон ба Русия интиқол доданд.
Маврид ба зикр аст, ки аввали ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.