Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Коршинос: Ҷангҷӯёни мавҷуд дар марзи Афғонистону Тоҷикистон таҷрибаи бузурги ҷангӣ доранд

Коршиноси низомии рус дар як мусоҳиба бо шабакаи “Салавев-Live” нигаронии Эмомалӣ Рамон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди ҳузури ҷангҷӯён дар марзи Афғонистон бо кишварро ношӣ аз воқеъиятҳои рӯз гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Семён Багдасаров, коршиноси низомӣ суханони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ҳузури шаш ҳазор ҷангҷӯ дар марзи Афғонистон бо кишвар дар ҷаласаи ахири сарони ИДМ-ро тасдиқ кард ва гуфт, ҳоло дар марзи ин ду кишвар теъдоди номуайяни террористоне, ки замоне ба ДИИШ мутааллиқ буданд, мавҷуд аст.
“Дар Афғонистон, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, шаш ҳазор ҷангҷӯ мавҷуд аст. Аммо амрикоиҳо аз чаҳор ҳазор ҷангҷӯи ДИИШ мегӯянд ва кишварҳои ғарбӣ умедворанд, толибон онҳо саркӯб мекунанд. Толибон ҳоло бо ДИИШ дар минтақаи ҷануб ва ҷанубу шарқи кишварашон мубориза мебаранд. Ҷангҷӯён дар шимол каме худро озод ҳис мекунанд”, - таъкид кард оқои Багдасаров.
Коршиноси рус илова кард, ки дар шимоли Афғонистон теъдоде аз гурӯҳҳои терррористӣ вуҷуд дорад, ки таҳдиде барои кишварҳои Осиёи Марказианд.

“Ҳаракати онҳо ба сӯи шимолро вақт нишон медиҳад. Ин ҳам чанд иллат дорад. Яке аз сабабҳояш зиндагии нороҳат дар Афғонистон аст, ки мавқеи онҳоро дар ин кишвар танг мекунанд. Ин гурӯҳҳо маҳз барои ҳамин ташкил шуда буданд, ки амалҳояшонро дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ анҷом диҳанд”, - афзуд оқои Багдасаров.

Коршинос зикр кард, ҷангҷӯёне, ки дар шимоли Афғонистон ҳастанд, таҷрибаи бузурги ҷангӣ доранд. Онҳо дар ҷангҳои дохилии Тоҷикистону Афғонистон, ҳамчунин дар муқовимат бо Амрико ва ҷангҳои Вазиристон иштирок доштанд.
“Агар онҳо ба тарафи Тоҷикистон раванд, барои ҳукумати ин кишвар мушкилӣ эҷод мешавад, дар ҳоле ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло бо мардуми худаш равобити маъмулие надорад, бахусус бо мардуми ВМКБ. Ин гурӯҳҳо Қирғизистону Қазоқистонро ҳам таҳдид мекунанд”, - гуфт коршинос.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки агар Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кунад, "мо бояд ба ӯ ҳатман кумак кунем".
“Мо бояд нерӯҳои худро ба марзи Тоҷикистону Афғонистон, пеш аз ҳама ба минтақаи ВМКБ фиристем. Ин ҷо марзи 900-километрӣ вуҷуд дорад, ки он хатарноктарин минтақа ба ҳисоб меравад. Мо бояд дар ин минтақа зерсохтҳои низомиеро ташкил кунем, ки тавонанд вазъро ба эътидол биёранду нагузоранд, терррористҳо вориди хоки Тоҷикистон шаванд. Аммо бе пул не. Масалан, ба Русия барои ҳимояи марз имтиёзҳои иқтисодие бидиҳанд”, - қайд кард Семён Багдасаров.
Коршинос илова кард, ки дархости Эмомалӣ Раҳмон саривақтист ва Русия бояд ба ӯ кумак кунад.
“Агар мо ин корро кунем, ҳодисаҳое, ки дар Қазоқистон сурат гирифтанд, дигар такрор намешаванд”, - гуфт Семён Багдасаров, коршиноси низомӣ.