Омори нигаронкунанда: шумораи ҷиноятҳои вазнин дар вилояти Суғд афзоиш ёфтааст

Раҷаббой Аҳмадзода бо ироаи омори расмӣ дар ҷаласаи ҳукуматӣ аз афзоиши мизони ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд изҳори нигаронӣ намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Бино ба оморе, ки Аҳмадзода дар ҷаласаи ҳукумати Суғд ироа намудааст, соли 2021 дар ин вилоят 6628 ҷиноят сабт шудааст.
Ин нишондиҳанда назар ба як соли қабл 337 ҳодиса ва ё 5,4 % бештар гуфта мешавад.
Судури "ҷиноятҳои тамаъҷуӣ 20, ҷиноятҳои вазнин 240, қаллобӣ 99, ҷиноятҳои вобаста ба дигар хидматҳо 90, расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ ду ва роҳзанӣ се" маврид гуфтааст раиси вилояти Суғд.
Дуздӣ, роҳзанӣ, авбошӣ, қаллобӣ кам шуд: гузориши милисаи Душанбе аз кораш дар соли 2021
Бо ироаи ин омор Аҳмадзода аз масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шаҳру ноҳияҳо тақозо намудааст, ки барои пешгирии ҷинотякорӣ миёни аҳолӣ иқдомоти муассиреро пиёда намоянд.
Аҳмадзода ҳамчунин таъкид намудааст, ки дар ин давра судури баъзе аз ҷиноятҳо тамоюли пастравӣ доштааст.
Аз ҷумла ҷиноятҳои дар ҳолати мастӣ 15, ғоратгарӣ 6, авбошӣ 17, ҷиноятҳои аз суйи ноболиғон содиргардида 1, дуздӣ 52 маврид дар вилояти Суғд камтар сабт шудаанд.