Ҳушдори Путин аз мавҷҳои нави коронавирус дар Русия

Раисҷумҳури Русия мегӯяд, таътилҳои солинавӣ наметавонанд ба сатҳи сирояти коронавирус дар кишвар бетаъсир бимонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз авҷи хуруҷи COVID-19 дар кишвар ҳушдор дод, навиштааст РИА "Новости".
"Аён аст, ки мо имрӯз дар ҳолати хеле мураккаб қарор дорем. Дар арафаи хуруҷҳои нави эҳтимолӣ мебошем", - изҳор доштаст Путин дар ҷаласае бо ҳузури аъзои ҳукумат.
Ҳушдори раисҷумҳури Русия дар ҳолест, ки ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, давоми як ҳафта, аз 3 то 9 январ дар дунё гирифтории рекордӣ ба коронавирус сабт шудааст. Таъкид мешавад, ки дар ин ҳафта 15 миллиону 154 ҳазор ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Гирифторӣ ба COVID дар ҷаҳон давоми як ҳафта рекордӣ шуд
Маврид ба зикр аст, ки аз моҳи марти соли 2020 СҶБ дар дунё пандемияи коронавирусро эълон кард. Теъдоди аз ҳама зиёди гирифторон дар ИМА, Ҳинд, Бразилия, Бритониёи Кабир ва Фаронса сабт шудааст.
Русия аз нигоҳи теъдоди гирифторон дар ҷаҳон дар зинаи шашум қарор дорад. Феълан дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон навъи делта паҳн шудааст, аммо мутахассисон мегӯянд, ҷойи онро дар ояндаи наздик метавонад омикрон гирад.
Ваксинагирӣ ҳамоно беҳтарин роҳи ҳимоя аз коронавирус арзёбӣ мешавад. Феълан дар Русия ду вояи ваксинаро ҳудуди 51 дарсади сокинон гирифтаанд, ки шумораи беморон дар миёнашон ҳудуди 4 дарсадро ташкил медиҳад.