ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ровии телевизион ва рӯзноманигор Михаил Зеленский дар синни 46-солагӣ даргузашт. Дар ин бора муовини раиси шабакаи телевизионии "Россия-Культура" Александр Ефимович дар сафҳаи "Facebook"-аш хабар дод.
Рӯзноманигор ҳангоми истироҳат дар Ҷумҳурии Доминикан даргузашт.
"Хотираи абадӣ. Дар синни 47-солагӣ барандаи телевизиони мо Михаил Зеленский даргузашт", - навиштааст Ефимович.
Намояндагии дипломатии Русия дар Венесуэла ин хабарро тасдиқ кард. Зеленский ҳангоми истироҳат бо ҳамсараш дар Ҷумҳурии Доминикан даргузаштааст.
Ровии телевизион ва рӯзноманигори рус Михаил Владимирович Зеленский 7 сентябри соли 1975 дар Маскав дар оилаи низомӣ ба дунё омадааст. Аммо дере нагузашта ӯ ва волидонаш ба Хабаровск кӯчиданд.
Пас аз хатми мактаби миёна барои таҳсил дар як вақт ду донишкадаи олиро интихоб кард.
Соли 1992 Зеленский ба Донишкадаи тиббии Хабаровск ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ин вилоят дохил шуд. Дар он ҷо ӯ менеҷменти варзишро омӯхтааст.
Ҳангоми таҳсил дар донишкада унвони номзад ба устоди варзиш (КСМ) аз рӯи яхмолакбозиро гирифт. Ҳамзамон дар "Радиои А" ба ҳайси диҷей кор мекард.
Зеленский баъди хатми донишгоҳ дар Шарқи Дур ба Маскав баргашт ва дар Институти такмили ихтисоси кормандони телевизион ва радиошунавонӣ омӯзишро давом дод.
Маҳз дар ҳамин ҷо соҳиби касби ровии телевизион ва радио шуд.
Мавриди зикр аст, ки Зеленскиро на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ ва махсусан фазои пасошӯравӣ мешиносанд.