Кишвардори Амрико Ҷо Байден бори савум як иштибоҳи дағалонаи худро такрор кард. Ин ҳодиса замони суханронии ӯ дар Маркази донишгоҳи Атланта замоне рух дод, ки Байден аз рӯйдодҳои шашуми январи соли гузашта ёдовар шуд.
Дар ин рӯз эътирозгарон бинои Конгресси Амрикоро ишғол карда буданд.
Дар суханронии худ Байден ноиби президент Камала Ҳаррисро сарвари давлат номид.
"Ҳафтаи гузашта ман ва президент Ҳаррис дар Капитол яке аз он лаҳзаҳоро муҳокима кардем, ки таърихи моро ба пеш ва баъд тақсим кард."
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маъмулан ба ин назорат шадидан вокуниш нишон медиҳанд. Баъзеҳо номзадии Ҳаррисро алтернативаи хуб ба президенти кунунӣ донистаанд.
"Рӯзе ин дуруст хоҳад шуд, ман умедворам, ки мо сабри кофӣ дорем", - навиштааст SayItAintSo.
Дигаре навиштааст, ки "президент Ҳаррис хуб садо медиҳад".
Шореҳони дигар қайд карданд, ки Байден ҳатто кӯшиш накардааст, ки суханонашро ислоҳ кунад.
"Тааҷҷубовар он аст, ки ӯ чӣ гуфтанашро намефаҳмад ва ҳатто иштибоҳи худро ислоҳ накардааст", - навиштааст дигаре.
Ҳамин тавр дар соли 2021 ӯ номи вазири дифои Амрикоро фаромӯш кард, гарчанде дар пушти ӯ истода буд.
Ҳамчунин ӯ дар ба забон овардани номҳои ҷуғрофиро борҳо хато кардааст: Либиёро Сурия гуфту Ироқро Эрон. Ҳатто аз Доналд Трампу Барак Обама ба иштибоҳ ном гирифтааст.
Инчунин боре номи президенти Русия Владимир Путинро дуруст талаффуз карда натавонист.