Устод Файзуллоҳ Ҷалол аз ҳабси толибҳо озод шуд

Профессор Файзуллоҳ Ҷалол, устоди Донишгоҳи Кобул баъди чор рӯз аз ҳабс озод шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Толибҳо дар пайи талаби фаъолони ҷамъиятии дохили Афғонистон ва бархе аз мақомдорони хориҷӣ Файзуллоҳ Ҷалолро аз ҳабс озод карданд.
Хабари озодии Ҷалолро баъди чаҳор рӯзи ҳабсро "Aamaj News" бо такя ба наздикони профессор нашр намудааст.
Профессори озодшуда бо интиқодҳояш аз ҳукумати қаблӣ ва феълӣ дар Афғонистон машҳур аст.
Толибҳо Ҷалолро дар он муттаҳам кардаанд, ки бо твитҳояш аҳолиро алайҳи ҳукумати феълӣ дар Афғонистон мешӯрондааст. Аммо расонаҳо муайян кардаанд, саҳифае, ки аз он паёмҳо нашр шудаанд, ба профессор тааллуқ надорад, навишт Sputnik Афғонистон.
Бархӯрди Ҷабҳаи муқовимат бо толибон дар вилояти Тахор
Сухангӯи толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар саҳифааш таъйид намуда буд, ки "як инсони мутаассиб бо номи Ҷалол" боздошт шуд. Муҳоҷид устод Ҷалолро ба таҳрики мардум алайҳи низоми мавҷуд дар Афғонистон муттаҳам кард.
Дар пайи ҳабси устод Ҷалол бархе аз фаъолони иҷтимоӣ дар Афғонистон озодии ӯро талаб карданд. Андреас фон Брандт, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Афғонистон низ иттиҳомот алайҳи профессор Файзуллоҳ Ҷалолро бепоя хонд.
"Мо озодии фаврии профессор Файзуллоҳ Ҷалолро аз боздошти ғайриқонунӣ талаб дорем. Ҳамчунин толибонро зарур аст, ки дар мавриди интиқодашон аз сӯйи ҷомеа таҳаммулпазир бошанд", - изҳор дошт намояндаи ИА.
Устод Ҷалол дар суҳбатҳои телевизионияш аз ҳукумати феълӣ таҳаммулпазирӣ талаб карда, онҳоро ба риояи ҳуқуқи инсону худдорӣ аз зӯргӯӣ даъват намуд.