Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Тоҷикистон табибон вояи сеюми ваксина алайҳи COVID мегиранд - видео

Моякӯбӣ бо вояи сеюми ваксинаи алайҳи коронавирус дар Тоҷикистон оғоз шуд ва ҳамакнун кормандони Вазорати беҳдошту аксари табибон ваксина гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз моҳи марти соли ҷорӣ маъракаи сартосарии ваксиназанӣ миёни сокинони аз 18-сола боло идома дорад.
Чун созмонҳои бонуфузи тандурустӣ ваксиназаниро ягона роҳи пешгирӣ аз ин дард медонанд. Дар Тоҷикистон низ ба ин ақида бовар доранд ва мардум дар раванди моякӯбӣ иштирок мекунанд.
Хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар сафҳаи "Facebook"-и худ видеоеро нашр кардааст, ки дар он дида мешавад, кормандони вазорат ва ҳамзамон пизишкони Бемористони сироятии шаҳри Душанбе бо вояи семи ваксина моякӯӣ мешаванд.
Ваксиназании такрории табибон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар ҷаҳон штаммҳои нави коронавирус паҳн мешаванд ва охирин навъи нави он аллакай ба Ӯзбекистон роҳ ёфтааст.
Пас аз роҳ ёфтани омикрон: Ӯзбекистон қавонини вуруд ба кишварро тағйир дод
Манбаъ таъкид мекунад, ки то рӯзи 10 январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо вояи аввал 66,5 дарсади аҳолӣ ва бо вояи дуюм 56,5 фисади шаҳрвандон моякӯбӣ шудаанд.