Такзиби минагузорӣ шудани сафорати Тоҷикистон дар Русия

Чунин амалҳои иғвоангез пас аз ширкати низомиёни давлатӣ дар фаъолиятҳои посдории сулҳ дар Қазоқистон рӯи кор омадаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Кормандони пулиси Маскав пас аз гузоришҳои беном дар бораи эҳтимоли минакории сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пойтахти Русия тафтиш анҷом медиҳанд.

"Дар қатори дигар намояндагиҳои дипломатӣ сафорати Тоҷикистон низ аз ҷониби ниҳодҳои интизомии Русия барои эҳтимоли мавҷуд будани маводи тарканда дар он тафтиш карда шуд, аммо хатаре пайдо нашуд", - гуфтанд дар шарҳи ин хабар аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон.

Як рӯз қабл, 10 январ аз ҷониби фарди номаълум дар бораи мавҷудияти маводи тарканда дар намояндагиҳои дипломатӣ хабар расид. Вай гуфт, ки вақте кӯшиши безараргардонӣ сурат мегирад, таркиш ба амал меояд.
"Дар баробари ин афроди номаълуме хуруҷи нерӯҳои ин кишварҳо аз Қазоқистонро дархост кардаанд", - гуфт як мақоми интизомӣ дар суҳбат бо ТАСС.
Ба ҷои ҳодиса мутахассисони ВКД ва кинологҳо бо сагҳо фиристода шуданд. Зимни бозрасии биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ ягон маводи тарканда пайдо нашудааст. Дар зимни ин ҷустуҷӯ кормандон кӯчонида нашуданд. Ин иттилоъ тафтиш карда мешавад.
Қаблан, рӯзи ҳафтуми январ афроди номаълум ба сафоратҳои Беларус ва Арманистон бо таҳдиди ҳамлаи террористӣ имейл ирсол карда буданд.
Талабот дар нома як буд: хуруҷи контингенти низомии ин кишварҳо аз қаламрави Қазоқистон.
Дар натиҷаи санҷиши мутахассисон дар биноҳои сафоратхонаҳо чизе, ки ба маводи тарканда шабоҳат дошта бошанд, пайдо нашудааст.
Генерал Миршакар гуфт, низомиёни тоҷик дар Қазоқистон кадом объектҳоро ҳимоя мекунанд
Ёдовар мешавем, баъди тазоҳуроти оммавӣ дар Қазоқистон иддае даст ба ғорату вайронкорӣ зада, ҳамзамон дар пайи ҳамла ба биноҳои мақомоти давлатӣ силоҳ гирифтаву ба амалиёти мусаллаҳона гузаштанд.
Дар пайи бетартибиҳо раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз СПАД хост, ки барои "рафъи хатари террористӣ" кумак кунад.
Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон тасмим гирифт, ки то ба эътидол омадани вазъ нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳро ба Қазоқистон фиристад.
Ҳоло дар ин кишвар низомиёни Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ҳузур доранд.