ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад, хабар медиҳад Оҷонсии ҳавошиносӣ.
Ин манбаъ меафзояд, Дар ғарби вилоят шабона 10-15 дараҷа хунукӣ ва рӯзона ҳаво аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона 30-35 ва рӯзона 7 -12 дараҷа ҳаво сард хоҳад шуд.
Манбаъ ҳавои вилояти Суғдро низ тағйирёбанда ба бебориш пешгӯӣ мекунад. Фаромадани меғ дар назар аст. Дамои ҳаво шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гамр ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад
Ҳавои вилояти Хатлон ҳам камабр ва бебориш шуда, дар баъзе нҳияҳо меғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.