ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии S7 ба далели вазъияти изтирорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Урганҷи Узбакистон фуруд омадааст, хабар медиҳад "Telegram-канал"-и "Uzbikistan Airports".
Тайёраи ширкати ҳавопаймоии Русия, парвози SB-I3313 дар масири Маскав - Қаршӣ ҳаракат дошт. Ҳангоми парвоз яке аз мусофирон бемор шуд. Маълум шуд, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон будааст.
Ҳайат тасмим гирифт, ки ҳавопайморо дар наздиктарин фурудгоҳи Ӯзбекистон фуруд орад. Соати 01:42 ба вақти маҳаллӣ, ҳавопаймо қабл аз расидан ба макони таъйиншуда дар Фурудгоҳи байнулмилалии Урганҷ фуруд омад.
Маълум шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон ба ёрии таъҷилии тиббӣ ниёз дорад. Тибқи маълумоти пешакӣ, аломатҳои аппендитсит дар ӯ мушоҳида шудааст.
Пас аз фуруд омадани ҳавопаймо дар фурудгоҳ шаҳрванди Тоҷикистонро бо мошини ёрии таъҷилӣ бурданд ва ӯро барои расонидани кумак дар муассисаи тиббии маҳаллӣ дар Урганҷ бистарӣ карданд.
То ҳол дар бораи вазъи минбаъдаи ин мард ҳич иттилое мунташир нашудааст. Дарҳол пас аз таҳвили бемор ҳавопаймои S7 ба Қаршӣ парвоз кардааст.