Эътирозҳо дар Қазоқистон
Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон авоили моҳи январи соли 2022 оғоз шуданд. Сабаби эътирози мардум ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ гуфта мешуд.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои коҳиш додани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Онҳо ба зудӣ ба бетартибиҳо, куштору ғорат ва ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ табдил ёфтанд.
Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ эълон шуду ҳамоишҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа мамнуъ гардид.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор карда, раёсати Шӯрои амнияти ҷумҳуриро бар уҳда гирифт, нахустин президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев аз ин мақом барканор шуд.
Илова бар ин бо дархости Тоқаев як гурӯҳ аз низомиёни кишварҳои узви СААД ба қаламрави ин кишвар ворид шуд.
Дар натиҷаи задухӯрдҳо талафоти зиёде дида мешавад, мақомоти қудратиии ин кишвар аз боздошти аъзои гурӯҳҳои террористӣ хабар медиҳанд.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо тақрибан 1000 нафар ҷароҳат бардошта ва зарар аз ин эътирозҳо аз 200 миллион доллар ҳам бештар гуфта мешавад.
Гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар пасманзари нооромиҳо дар ин кишвар ба фаъолият шуруъ кардаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳодисаҳои Қазоқистонро як кӯшиши зӯроварӣ барои халалдор кардани амният ва якпорчагии давлат арзёбӣ мекунад.
То нуҳуми январ 508 нафар аз иштирокчиёни ҳамлаҳои террористӣ, ғоратгарӣ ва ҷиноятҳои дигар боздошт ва 22 аслиҳаи оташфишону 1412 дона тир мусодира шудааст.
Дар Қазоқистон таътили зимистонаи мактаббачагон то 17 январ ва аз донишҷӯёни коллеҷҳо то 24 январ тамдид шуд.
Дар ошӯбҳо дар Қазоқистон ҳудуди 400 мақомдори қудратӣ ҷароҳат бардошт. 10 январ дар Қазоқистон рӯзи мотами миллӣ эълон гашт.