ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар Ноҳияи Восеъ як духтарчаи дусола дар назди хонааш дар канал ғарқ шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Тибқи гузориши ин ниҳод, фоҷеа дар деҳаи Сафар Амиршоеви ҷамоати Ҳулбуки ноҳияи Восеи вилояти Хатлон рух доааст.
Духтарчаи дусола дар оби канале сарозер ва ғарқ гардидааст, ки аз назди хонаи онҳо мегузаштааст.
"Ҷустуҷӯи кӯдак муддати як шабонарӯз давом кард", - омадааст дар хабар.
Ҷасади кӯдакро пайдо кардаву ба волидонаш супурдаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бепарвоии волидонро сабаби ин фоҷеа гуфтааст.
Ин ниҳод мегӯяд, кӯдак аз беназоратии волидон дар канал ғарқ шудааст.