Иттиҳоди Аврупо аз толибҳо озодии устод Ҷалолро талаб кард

Иттиҳоди Аврупо озодии профессор Файзуллоҳ Ҷалол, устоди Донишгоҳи Кобулро талаб дорад, ки ахиран аз сӯйи толибҳо боздошт гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Иттиҳомот алайҳи профессор Файзуллоҳ Ҷалол бепоя мебошанд, изҳор кардааст Андреас фон Брандт, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Афғонистон.
Брандт дар саҳифааш дар "Twitter" таъкид намудааст, ки "далелҳо" алайҳи Ҷалол сохта ва боздошташ ғайриқонунӣ мебошад.
"Мо озодии фаврии профессор Файзуллоҳ Ҷалолро аз боздошти ғайриқонунӣ талаб дорем. Ҳамчунин толибонро зарур аст, ки дар мавриди интиқодашон аз сӯйи ҷомеа таҳаммулпазир бошанд", - изҳор дошт намояндаи ИА.
Профессори боздоштшуда бо интиқодҳояш аз ҳукумати қаблӣ ва феълӣ дар Афғонистон машҳур аст.
Кӣ ба Осиёи Марказӣ хатар дорад: паштунҳо ё тоҷикони Афғонистон?
Толибҳо Ҷалолро дар он муттаҳам кардаанд, ки бо твитҳояш аҳолиро алайҳи ҳукумати феълӣ дар Афғонистон мешӯрондааст. Аммо "Aamaj News" муайян кардааст, саҳифае, ки аз он паёмҳо нашр шудаанд, ба профессор тааллуқ надорад, навиштааст Sputnik Афғонистон.
Сухангӯи толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар саҳифааш таъйид намуда буд, ки "як инсони мутаассиб бо номи Ҷалол" боздошт шуд. Муҳоҷид устод Ҷалолро ба таҳрики мардум алайҳи низоми мавҷуд дар Афғонистон муттаҳам кард.
Ёдовар мешавем, 8 январ афроди мусаллаҳ Файзулло Ҷалолро бо худ ба ҷойи номаълум бурда буданд.