Вакили эронӣ хостори таҳкими ҳамкориҳо бо Тоҷикистон шуд

Ҷалил Раҳимии Ҷаҳонободӣ, узви Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии парлумони Эрон аз сафари қарибулвуқуи як ҳайати ин кишвар ба Тоҷикистон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ҷаҳонободӣ, ки ҳамчунин роҳбарии гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Эрону Тоҷикистонро ба уҳда дорад, хостори таҳкими ҳамкориҳо миёни ду кишвар шуд.
Ӯ зимни конфронси "Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон", ки дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ - ECO баргузор шудааст, аз муштаракот суҳбат кардаст.

"Эрону Тоҷикистону Афғонистон - се кишвареанд, ки таърих, забон ва фарҳанги муштарак доранд", - навиштаанд расонаҳои эронӣ аз қавли Ҷаҳонободӣ.

Вай муҳим хондааст, ки равобити фарҳангӣ, забонӣ ва таърихии миёни кишварҳо таҳким шавад.
Вакили эронӣ инчунин аз нияти сафарашон ба Тоҷикистон дар моҳҳои наздик хабар дода, изҳор доштааст, ки дӯстони тоҷикро дар Шероз моҳи май ё июн мизбонӣ хоҳанд карду ҳамкориҳоро баррасӣ.
Паёми табрикотии Раисӣ ба Раҳмон: Умедворам шоҳиди тавсеъаи ҳамаҷонибаи равобит бошем
Маврид ба зикр аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон пас аз интихоби Cайидиброҳими Раисӣ ба унвони раисҷумҳури ҷадид ва сафари ӯ ба Душанбею мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба густариш ниҳодаанд.
Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Таъкид мешавад, дар ҳамкории иқтисодии миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад, ки то ҳол ҳудуди 12 нишасти ин комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор гардидааст.