ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони давлатҳои узви СААД дар бораи феҳристи созмонҳои террористӣ гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, зарур аст, ки феҳристи ягонаи созмониҳои терориистии мамнуъ дар доираи кишварҳои СААД тартиб дода шавад.
Президенти Тоҷикистон афзуд, баробари тағйир кардани қудрат дар Афғонистон ҳазорон узви гурӯҳҳои терористӣ фаъол шудааст ва онҳо ба амнияти Тоҷикистону минтақа хатар доранд.
Раҳмон қайд кард, ки ҷангиёни ДИИШ* дар қаламрави Афғонистон тақвият меёбанд ва тибқи иттилои хадамоти истихборотӣ, ҳоло дар марзҳои ҷанубии СААД ҳудуди 6 ҳазор ҷангҷӯ ва беш аз 40 ячейкаи террористӣ ҷойгир шудаанд.
Нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои узви СААД аз тариқи онлайнӣ баргузор ва ин ҷаласа ба вазъияти Қазоқистон бахшида шуд.
Эътирозҳо дар Қазоқистон
Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили моҳи январи соли 2022 оғоз шуданд. Сабаби эътирози мардум ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ гуфта мешуд.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои коҳиш додани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Онҳо ба зудӣ ба бетартибиҳо, куштору ғорат ва ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ табдил ёфтанд.
Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва манъи рафтуомад ҷорӣ, ҳамоишҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа мамнуъ эълон шуд.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор карда, раёсати Шӯрои амнияти ҷумҳуриро бар уҳда гирифт, нахустин президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев аз ин мақом барканор шуд.
Илова бар ин бо дархости Тоқаев як гурӯҳ аз низомиёни кишварҳои узви СААД ба қаламрави ин кишвар ворид шуд.
Дар натиҷаи задухӯрдҳо талафоти зиёде дида мешавад, мақомоти қудратии ин кишвар аз боздошти аъзои гурӯҳҳои террористӣ хабар медиҳанд.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо тақрибан 1000 нафар ҷароҳат бардошта ва зарар аз ин эътирозҳо аз 200 миллион доллар ҳам бештар гуфта мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳодисаҳои Қазоқистонро як кӯшиши зӯроварӣ барои халалдор кардани амният ва якпорчагии давлат арзёбӣ мекунад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар пасманзари нооромиҳо дар ин кишвар ба фаъолият шуруъ кардаанд.
То нуҳуми январ 508 нафар аз иштирокчиёни ҳамлаҳои террористӣ, ғоратгарӣ ва ҷиноятҳои дигар боздошт ва 22 аслиҳаи оташфишону 1412 дона тир мусодира шудааст.
Дар Қазоқистон кӯдакистону мактабҳо барои кӯдакони нобино таътил ва ҳамчунин таътили зимистонаи мактаббачагон то 17 январ ва донишҷӯён то 24 январ тамдид шуд.
Дар ошӯбҳо дар Қазоқистон ҳудуди 400 мақомдори қудратӣ ҷароҳат бардошт. 10 январ дар Қазоқистон рӯзи мотами миллӣ эълон гашт.
* -гурӯҳи террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия