Аз 11 дараҷа гармӣ то 29 дараҷа сардӣ: пешгӯии ҳавошиносони Тоҷикистон

Вид на город Душанбе
Дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар манотиқи гуногун аз 11 дараҷа гарм то 29 дараҷа сард мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа сард, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 24-29 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Первый снег в Душанбе
Ба президент гуфтанд, чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дуруст мебарояд
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа сард, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон низ тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа сард, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа сард, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.