ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дар паёмаш Сироҷиддин Муҳриддин ба Ҳусейн Амирабдуллоҳиён ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломотии байни Тоҷикистону Эрон навиштааст, марҳала муносибатҳои дустӣ ва бародарӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар ба таври мустамар рушд ва тавсеа ёфт ва заминасози ҷанбаҳои ҷадиди созанда шуда аст, иттилоъ додааст хабаргузории Садои Хуросон.
Ӯ дар ин паёмаш вазири хориҷаи Эронро ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломотии байни ду кишвар табрик кард.
“Тарафи Тоҷикистон сатҳи кунунии ҳамкориҳоро муҳим арзёбӣ намуда, хоҳони густариши ояндаи муносибатҳо дар ҳамаи арсаҳои маврди таваҷҷуҳи ҳар ду тараф мебошад”, - қайд кардааст вазири хориҷаи Тоҷикистон.
Сироҷиддин Муҳриддин изҳори умедворӣ кардааст, ки бо кушишу талошҳои пайгирона ва созандаи ҳар ду тараф тамоми зарфиятҳо ва тавонмандиҳо дар ростои манофеъи мардумонамон дар оянда низ беш аз гузашта мавриди истифодаи босамар қарор хоҳанд гирифт.
“Бо истифода аз фурсат барои ҷаноби олӣ саломатӣ ва пирӯзӣ, барои мардуми дуст ва бародари Эрон осоиш ва суботи пойдор ва рифоҳу шукуфоии кишваратонро орзу менамоем”, - изҳор доштааст вазири хориҷаи Тоҷикистон.