Паёми табрикотии Раисӣ ба Раҳмон: Умедворам шоҳиди тавсеъаи ҳамаҷонибаи равобит бошем

Раисҷумҳури Эрон дар паёме роҳбари Тоҷикистонро ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломотӣ байни ду кишвар табрик гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Сайидиброҳими Раисӣ бо судури паёме ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки хушбахтона дар давоми се даҳаи гузашта, ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон бо баҳрагирӣ аз иштирокоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва забонӣ тавонистанд ба сатҳи бисёр болое аз муносибот дар арсаҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмиллалӣ даст ёбанд, иттилоъ додааст хабаргузории Садои Хуросон.
“Албата бо дар назар гирифтани зарфиятҳои бузурги ду кишвар, имкони афзоиши сатҳи ҳамкориҳо ба вижа дар бахши иқтисодӣ ба нуқтаи матлуб вуҷуд дорад”, - афзуд Раисӣ.
Инчунин раисҷумҳури Эрон қайд кардааст, ки дар ин росто бо таваҷҷуҳ ба натиҷаҳои аввалин дидори расмии инҷониб аз кишвари зебои Тоҷикистон, ду тараф тавофуқ карданд заминаҳои лозим барои афзоиши сатҳи ҳамкориҳи иқтисодӣ дар сархати барномаҳи кории масъулони марбута қарор гирад ва фасли ҷадид аз равобити ҳамаҷониба бо пуштивонаи эътимоди сиёсӣ шакл гирад.
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Эрон барои таъсиси корхонаҳои муштараки маводи ғизоӣ
Раисҷумҳури Эрон ибрози умедворӣ кард, бо таваҷҷуҳ ба азму иродаи сиёсии мавҷуд ва дар сояи талоши муштарак, шоҳиди тавсеъаи ҳамаҷонибаи равобит дар ростои таъмини манофеъи мутақобили ду миллати Эрону Тоҷикистон бошем.