ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дар яке аз макотиби вилояти Нангарҳор таркиши мудҳиш ба вуқуъ пайваст. Дар ин бора "Telegram - канал"-и Sputnik Афғонистон бо истинод ба пойгоҳи хабарии "Bakhtar" иттилоъ додааст.
Ба гузориши манбаъ, бар асари ин таркиш нуҳ хонандаи мактаб кушта шуд. Ҳамчунин 4 толибилми дигар шадидан маҷрӯҳ шуда ва феълан дар бемористон қарор доранд.
Гуфта мешавад, хумпора (минамет)-ро як тоҷири маҳаллӣ назди мактабе дар ноҳияи Лалпур пайдо кард. Ӯ кӯшиши намуд, ки онро аз замин бигирад, вале дар ин асно хумпора таркид ва боиси кушта шудани нуҳ кӯдак гардид.
Ҷузъиёти бештари ин ҳодиса маълум нест ва толибон низ дар робита ба ин рӯйдод изҳори назар накардаанд.
Дар Афғонистон вазъият феълан ноамн аст ва аксари шаҳрвандон ҳукумати феълиро қабул надоранд, ки миёни онҳо пайваста задухӯрдҳое сурат мегиранд.