ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар Кипр як штамми нави коронавируси делтакрон кашф шудааст. Дар ин бора ба хабарнигорон мудири лабораторияи биотехнология ва вирусологияи молекулавии Донишгоҳи Кипр Леонтиос Кострикис хабар додааст.
Ӯ гуфтааст, асоси генетикии навъи нави COVID-19 бо штамми делта мувофиқат мекунад. Гузашта аз ин як қатор таҳавуллоти ин навъи коронавирус ба омикрон шабоҳат доранд.
"Мо шумораи назарраси тағйиротро пайдо кардем, ки қаблан танҳо ҳангоми сироят бо штамми омикрон ошкор шуда буданд", - қайд намуд Кострикис.
Ба гуфтаи ӯ, дар 25 намунае, ки дар ин ҷазира кашф шудааст, делтакрон пайдо шудааст. Ёздаҳ гирифтори ин навъи вирус дар бемористоне, ки маризони коронавирус қарор доранд ва 14 ҳолати дигар дар миёни сокинон сабт шудааст.
Қаблан доктори илмҳои тиб Сергей Токарев гуфта буд, ки ворид шудани штаммҳои нави COVID-19 ба муҳити ҳайвонот метавонад боиси пайдоиши мутатсияҳои хатарноки коронавирус ва мавҷҳои харобиовари пандемия гардад. Ба гуфтаи ин коршинос, ҳоло зарур аст, ки ҷараёни омикрон ҳам дар одамон ва ҳам дар ҳайвонҳо бодиққат назорат шавад.
Чанде пеш коршиносони Институти бемориҳои сироятӣ дар Марсел (IHU) як штамми нави коронавирусро кашф карданд. Штамм нав дар 12 сокини маҳаллӣ муайян карда шуд.
Қайд карда мешавад, ки штамми нав бори аввал моҳи ноябри соли 2021 дар байни сайёҳоне, ки аз Камерун бармегаштанд, кашф шуда буд. Ҳамакнун аз навъи нави коронаиврус B.1.640.2 ном гирифта мешавад.
Дар ҳамин ҳол президенти Академияи илмҳои Русия Александр Сергеев гуфт, ки пандемияи коронавирус аз соли 2022 ба режими эпидемияи мавсимии зуком ворид мешавад.
Ёдовар мешавем, ки навъи қаблии коронавирус бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ кашф шуд ва он омикрон ном гирифт.