ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар Ӯзбекистон нахустин ҳолати гирифторӣ ба штамми нави коронавирус - омикрон ошкор шуд.
Вуҷуди ин вирусро Вазорати тандурустии Ӯзбекистон тасдиқ кард ва изҳор дошт, ки он дар бадани як хориҷӣ ошкор шуд, ки вориди ин кишвар шудааст.
Бинобар хабари манбаъ, рӯзи ҳафтуми январ як шаҳрванди хориҷӣ, ки гирифтори коронавируси навъи омикрон будааст, вориди Ӯзбекистон шудааст. Ин ниҳод ҳувияти хориҷиро ифшо накард ва танҳо зикр намуд, ки ин нахустин ҳолати роҳ ёфтани омикрон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст.
Ёдовар мешавем, штамми омикрон бори аввал дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ беш аз ду моҳ пеш кашф шудааст. Ба гуфтаи олимон, он дорои даҳҳо таҳавулл дар сафедаи S мебошад.
Муҳаққиқон ҳадс мезананд, ки ин штамм дар нафароне, ки масунияти заиф доранд, аз ҷумла беморони ВНМО ба вуҷуд омадааст.
Дар Тоҷикистон ҳоло вазъи коронавирус ором аст, аммо Наврӯз Ҷаъфаров, намояндаи Вазорати беҳдошти ҷумҳурӣ чанде қабл гуфта буд, ки эҳтимоли роҳ ёфтани ин навъи нав ба Тоҷикистон низ вуҷуд дорад.