Қазоқистон аз ошӯбҳои ахир 210 миллион доллар зарар дид

Ҳаҷми хисорот аз нооромиҳо дар Қазоқистон тақрибан ба 212 миллион доллар афзоиш ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Маблағи хисорот аз ошӯбҳо дар Қазоқистон то субҳи рӯзи якшанбе тақрибан ба 212 миллион доллар афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Палатаи миллии соҳибкорони ин кишвар мавсум ба "Атамекен".
То шоми шанбе ҳаҷми хисорот аз ошӯбҳо дар кишвар тақрибан ба 203 миллион доллар расид. Дар даҳ минтақаи кишвар 920 субъекти соҳибкорӣ ва 1091 объект, аз ҷумла 856 субъект ва 1027 иншоот дар Алмаато зарар дидаанд.

“Маблағи умумии хисорот, тибқи ҳисобҳои тахминӣ, беш аз 92,3 миллиард танга (дар Алмаато – 90,7 миллиард тенге) ҳисоб шудааст", - омадааст дар хабар.

Шарҳ дода мешавад, ки дар даҳ минотиқи ҷумҳурӣ 1181 субъекти соҳибкории зарардида ва 1351 объект муайян карда шудааст, ки 935 субъект ва 1091 объект дар Алмаато мебошанд.
Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соли 2022 шурӯъ шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ даст ба эътироз заданд.
Баъдтар эътирозҳо дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти куҳна ва калонтарин шаҳри ин ҷумҳурӣ паҳн шуданд: дар он ҷо ғоратгарӣ оғоз шуд, ҷангҷӯён ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла карданд, силоҳ гирифтанд. Дар посух мақомот то 19 январ дар саросари кишвар вазъияти изтирорӣ эълон намуда, амалиёти зиддитеррористӣ оғоз карданд.
СММ аз ҳукумат ва эътирозгарон дар Қазоқистон хост, аз хушунат худдорӣ намоянд
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо дар Қазоқистон ҳудуди 1000 нафар ҷароҳат бардошт. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ин ҷумҳурӣ, 18 корманди амниятӣ кушта шуд.
Субҳи 5-уми январ раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва худ раёсати Шӯрои амниятро ба уҳда гирифт. Тоқаев дар нахустин ҷаласаи Шӯрои амният вазъи кунунӣ дар Қазоқистонро поймол кардани якпорчагии давлат хонда ва аз СААД "барои рафъи хатари террористӣ" кумак хостааст.
Рӯзи ҳафтуми январ Тоқаев эълон кард, бо террористҳо, аз ҷумла онҳое, ки аз хориҷ омада будаанд, муқовиматро идома медиҳанд ва ваъда дод, онҳоеро, ки силоҳ ба замин нагузоштаанд, нобуд хоҳанд кард. Илова бар ин президент қайд кард, ки тамоми дархостҳои шаҳрвандон шунида шудаанд.